Сафари корӣ ба шаҳру вилояти Курган

20.05.2021 00:30

19 майи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - дар якҷоягӣ бо як қатор роҳбарони муассисаҳои консулии дигар давлатҳо - бо даъвати Губернатори вилояти Курган Вадим Шумков дар шаҳри Курган дар чорабиниҳо оид ба муаррифии потенсиали иқтисодӣ ва сармоягузории субъекти номбаршудаи Федератсияи Россия ширкат варзид.

Дар доираи рӯзи якуми барномаи муаррифӣ дипломати тоҷикистонӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли дорувории "Велфарм" ва технологияҳои комплексӣ, парки саноатии шаҳри Курган  муфассалан ошно шуд.

Бегоҳии худи ҳамон рӯз бо ташаббуси Консули генералии Тоҷикистон мулоқоташ бо муовини Губернатори вилояти Курган оид ба сиёсати иқтисодӣ Владимир Архипов доир гардид.Ҷонибҳо ба таври созандаю дӯстона масоили роҳандозӣ намудани робитаҳои иқтисодии байниминтақавии ду кишвар, имзо ва татбиқи амалии барномаҳои даврии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни вилоятҳои Тоҷикистон ва вилояти Курганро моҳиятан ва ҳамаҷониба баррасӣ карданд ва роҷеъ ба - дар асоси мутақобила - гузаронидани форумҳои соҳибкорон, зарурати фаъолсозии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзии вилояти Курган, беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо, ба роҳ мондани интиқоли мустақими сабзавоту меваҳои хушсифати тоҷикистонӣ ба бозори истеъмолии маҳаллӣ ва тақвият додани инфрасохтори он бо иштироки фаъоли соҳибкорони тоҷик мубодилаи афкору пешниҳодот намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg