Субҳи 9 майи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар маросими тантанавӣ - мотамии "Хотира" дар маҷмааи ёдгории ҳарбии "Широкореченский" дар шаҳри Екатеринбург иштирок намуд.
Ин чорабинӣ ба 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шуда буд. Дипломати тоҷик дар назди лавҳаҳои сангин бо сабти номи сарбозони ҳалокшуда гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро бо лаҳзаи сукут пос дошт. Дар маросими ботантанаи поси хотир роҳбарони шаҳри Екатеринбург, вилояти Свердловск, Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрӣ ва минтақавӣ, пешвоёни рӯҳонии созмонҳои гуногуни динӣ, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷие, ки дар қаламрави минтақаи Урал сабтином шудаанд, ва сокинони одии шаҳр ширкат варзиданд.
Пас аз анҷоми ин маросими тантанавӣ дар майдони марказии шаҳри Екатеринбург намоиш-гузашти(паради) анъанавии низомӣ бахшида ба иди Зафар баргузор гардид, ки ҷараёни онро Консули генералии Тоҷикистон - ҳамроҳ бо дигар намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ - ҳамчун меҳмони фахрӣ тамошо кард.