20 майи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - якҷоя бо ҳамкоронаш дар корпуси дипломатӣ муқими минтақаи Урал - дар шаҳри Курган дар чорабиниҳои муаррифии иқтидори саноатӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаи Кургани Федератсияи Россия иштирок намуд.
Дар ҳудуди Ҷамъияти кушодаи саҳомии "Курганмашзавод" дипломати тоҷикистонӣ намоишгоҳи намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатии минтақаи Курганро бодиққат аз назар гузаронд. Сипас дар толори конфронси Маркази соҳибкории маҳаллӣ Губернатори вилояти Курган Вадим Шумков бо аъзои ҳайати консулгариҳои генералӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Екатеринбург мулоқот доир сохт.
Дар вохӯрӣ муовини Губернатор оид ба сиёсати иқтисодӣ Владимир Архипов дар бораи иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Курган маърӯза кард.
Роҳбари вилоят Вадим Шумков низ дар суханронии пурмазмуни худ ин мавзӯъро пайгирӣ намуд ва хеле хуб инкишоф дод. Дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов суханронӣ намуда, дар ин мавзӯъ арзёбиҳо ва пешниҳодҳои муҳим кард.
Пас аз мулоқот, дар як суҳбати кӯтоҳи дӯстона, Консули генералии Тоҷикистон ба Губернатори вилояти Курган китобҳои ба наздикӣ нашршудаи худро дар бораи таърихи Россия ва сиёсати муосири давлатии он тақдим намуд.