Иштироки Консули генералӣ дар ифтори Муфтиёти марказии вилояти Свердловск

25.04.2021 16:29

Шоми 24 апрели соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ифтор ва намози Таробеҳ ба ифтихори моҳи шарифи Рамазон, ки дар масҷиди Муфтиёти марказии вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор шуданд, ширкат варзид.

Дипломати тоҷик бо Муфтӣ Абдулқуддус масоили ҳамкориҳоро муфассал баррасӣ карда, дар назди зиёда аз 700 нафар иштирокчии намози Таробеҳ оид ба мавзӯъҳои мубрам суханронӣ намуд.

Бо қарори Раёсати Муфтиёти марказии вилоят барои гирифтани саҳми арзанда дар тарбия, ҳифз ва таҳкими таҳаммулпазирии байнимазҳабию байнимиллӣ ва густариши арзишҳои волои маънавию ахлоқӣ дар ҷомеа, Муфтӣ Абдулқуддус Ашарин Зафар Сайидзодаро бо медали «Ҳилоли нуқрагин» сарфароз гардонид.

04-05-21-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg