Ройзаниҳои сиёсии гурӯҳи кишварҳои Вишеград ва Осиёи Марказӣ

15.04.2021 18:13

15 апрели 2021 ройзаниҳои сиёсии маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои Вишеград (Лаҳистон, Маҷористон, Словакия ва Чехия) ва Осиёи Марказӣ баргузор гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин муколама Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гуфтугӯ намуданд.

Амалисозии роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, барқарорсозии иқтисодиёт дар пасманзари ҳамагирии COVID-19 ва амнияти минтақавӣ дар меҳвари ин нишаст қарор гирифтанд.

IMG-7811-15-04-2021-18-10.jpg

IMG-7817-15-04-2021-18-13.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg