Ҷаласаи Шӯрои машваратии ҷамъиятии назди муассисаи консулӣ

12.04.2021 14:44

12 апрели соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург  Зафар Сайидзода ҷаласаи Шӯрои машваратии ҷамъиятии назди муассисаи консулиро баргузор намуд. Бо даъвати ӯ Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов ва Ваколатдори ҳуқуқи башари вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ - бори аввал тайи мавҷудияташ - ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони воломақоми ҷониби Россия дар фазои дӯстонаи ғайрирасмӣ оид ба тамоми маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ ва ҳамдастие, ки худи ҳаёт дар ин марҳала ва дар давраи баъдиковидӣ ба миён меоварад, мубодилаи афкори муфид намуданд.

Вазир В.Козлов қайд кард, ки ҳукумат ва соҳибкорони вилояти аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи Свердловск низ, ба мисли ҷониби Тоҷикистон, дар баррасии мушаххаси ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба татбиқи амалии  Барномаи миллии саноатикунонии босуръати Тоҷикистон манфиатдоранд. Дар ин росто иштироки намояндагони баландпояи ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар даҳаи  аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар кори 11-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "INNOPROM" дар маҳали Маркази байналмилалии намоишӣ "Екатеринбург - ЭКСПО" ва ташкили сафари расмии Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2021 нақши муҳим дошта метавонанд.

Иштирокчиёни суҳбат ба чунин масъалаҳо, амсоли ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ  барои  ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар вилояти Свердловск, вижагиҳои раванди мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онҳо дар ҷомеаи Россия, такмили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирон ва риояи қонунгузории россиягӣ аз ҷониби онҳо, дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо кардани ҳуҷраҳои алоҳидаи нигаҳдорӣ барои ихроҷшавандагони маъмурӣ ва депортатсияшавандагон - маҳбусони собиқ, аз тариқи қарори суд фароҳам овардани имкони ихроҷи мустақилонаи маъмурӣ - бидуни маҳдуд кардани озодӣ - барои занони кӯдакони хурдсол дошта, шартҳои иштироки тоҷикистониён дар маъракаи  зиддиковидии эмгузаронии дохилии Россия, мавзӯъҳои дигари  мавриди таваҷҷуҳи марбут ба рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи асосӣ доданд .

Дар бораи роҳҳо ва василаҳои авлотарини  густариши ҳамкориҳо ба хотири ҳалли амалии масъалаҳои ба  миён  меомада дар шеваи дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия паймони хубе ҳосил гардид.

12-04-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg