Консули генералӣ бо ректори Донишкадаи идораи Урал мулоқот кард

19.03.2021 14:41

19 марти соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ректори Донишкадаи идораи Урал Руслан Долженко мулоқот кард. Мусоҳибон якдигарро бо ҷашни байналмилалии "Наврӯз" табрик гуфтанд ва дар фазои гарму самимӣ масъалаҳоро марбут ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба  байни Донишкадаи идораи Урал ва муассисаҳои таълимии дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мубодилаҳои илмӣ ва таълимӣ, дар давраи баъд аз рафъи фарогири «Ковид-19» мавриди мубодилаи афкор қарор доданд.

Дипломати тоҷик омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ба хотири густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ин арса иброз дошт. Дар навбати худ, Руслан Долженко назари худро дар бораи самтҳо ва шаклҳои рушди ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ баён кард.

Дар мулоқот  корманди масъули дастгоҳи ректори Донишкадаи идораи Урал Маргарита Медведева ширкат варзид.

Бояд қайд кард, ки Донишкадаи идораи Урал бахши Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия буда, дар мавриди тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти давлатӣ ва  соҳаи соҳибкорӣ тахассус дорад.

Дар солҳои охир ин Донишкада мавқеи худро дар соҳаи татбиқи барномаҳои таълимии байналмилалӣ фаъолона мустаҳкам менамояд.Ҳоло дар ин муассиса донишҷӯён аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Миср, Сурия, Чин, Либиё, Кот-д’Ивуар - аз рӯйи барномаҳои асосии таълимӣ - таҳсил мекунанд.

19-03-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg