Мулоқоти дипломатҳо бо донишҷӯёни тоҷик

15.02.2021 14:38

15 феврали соли 2021 – бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода - кормандони ин муассисаи хориҷӣ Юсуфҷон Набиев ва Азиз Назариён бо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президенти Россия Борис Елтсин аз ҷумлаи зодагони Тоҷикистон мулоқоти пурмазмун баргузор карданд, ки дар ҷараёни он оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии (Парлумони) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 мубодилаи озод ва муфиди афкор сурат гирифт.

Бо дарназардошти душвориҳои муайян дар шароити пандемияи коронавирус, дипломатҳои тоҷик ба ҳамватанон - донишҷӯёни Донишгохи номбурда (дар назди хобгоҳи донишҷӯёни рақами 12) 30 қуттӣ кумаки ғизоиро супурданд. Ин қуттиҳои кумаки башардӯстона аз 15 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ иборатанд ва қаблан аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск "Хонаи Урал" ба Консулгарии генералии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург расонида шуда буданд.

15-02-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg