Дар Екатеринбург масъалаҳои мубрами занон дар арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва нақши мусбати онҳоро баррасӣ карданд

04.03.2021 14:34

4 марти соли 2021 дар ш. Екатеринбург Конфронси III байналмилалии «Симои зан дар муҳоҷират. Нақши мусбати занони муҳоҷир », ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск«Қирғизистон-Урал»-и диаспораи қирғиз - бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Екатеринбург, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Ҳукумати вилояти Свердловск ва ассотсиатсияи уралӣ «Маркази омӯзиши этноконфессионалӣ, пешгирии экстремизм ва мубориза бо идеологияи терроризм»,- ташкил карда шуда буд, баргузор гардид.

Корманди масъули Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Юсуфҷон Набиев, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловск «Диаспораи тоҷикон «Дидор»» Мастибегим Ошурбекова - аз номи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода - дар доираи рӯзномаи конфронс дар суханронихои худ як қатор пешниҳодҳои муфид ва қобили таваҷҷуҳ карданд.

Дар бахши фарҳангии барномаи Конфронс ансамбли рақсӣ - этнографии тоҷикдухтарон дар саҳна ба таври дурахшон ва мафтункунанда ҳунарнамоӣ кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg