Мулоқоти Сафир бо Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина

05.03.2021 17:39

4 марти 2021 дар Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко доир гардид.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишварзӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, маориф ва иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия дар соли ҷорӣ дар Душанбе, инчунин масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

04032021-tjua-02.jpg

04032021-tjua-01.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg