Оши дӯстӣ, шафқат ва кумаки ҳамдигарӣ барои кормандони беморхонаи низомии собиқадорони Екатеринбург

03.02.2021 16:37

2 феврали соли 2021- бо ибтикору иштироки бевоситаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов – аз ҷониби диаспораи тоҷикон дар вилоятҳои Свердловск ва Челябински Федератсияи Россия - ҳамчун нишони эҳтиром ва миннатдорӣ барои меҳнати қаҳрамонона дар шароити хатарнок - барои кормандони беморхонаи низомии собиқадорон дар ш. Екатеринбург оши дӯстӣ, шафқат ва кумаки ҳамдигарӣ ороста шуд. Дар ташкили ин чорабинии наҷибона, ки таҳти аломати муборизаи муваффақона бо пандемияи коронавирус дар Урал баргузор гардид, роҳбарон ва фаъолони диаспораи маҳаллии тоҷикон Еқуб Умаров, Тағойназар Сафаров, Исломиддин Раҷабов, Ҷамшед Ҷабборов (табиби ин беморхона), Хисрав Ҷамолов, Аҳлиддин Саидов, Манучеҳр Розиқов, Сайвалӣ Идиев, Бегиҷон Бердиев ва Хушбахт Бедимоғов саҳм гирифтанд.

Барои хӯроки нисфирӯзии пизишкону пизишкерони беморхона 100 табақчаи оши палави хушбӯйи тоҷикӣ ва, илова бар ин, 10 қуттӣ меваю сабзавоти тару тоза пешниҳод карда шуд. Ба роҳбарони ин муассисаи бонуфузи тиббии пойтахти Урал туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд ва ба яке аз табибони ин беморхона, тоҷик Ҷамшед Ҷабборов ифтихорномаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург супорида шуд.

05-02.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg