1 феврали соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар ш. Екатеринбург дар чорабинӣ бахшида ба 90-умин солгарди таваллуди Президенти нахустини Россия Борис Елтсин ширкат варзид. Ин чорабинии ҷашнӣ бо иштироки Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Округи федералии Урал Владимир Якушев, Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев, узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Аркадий Чернетский, Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск Людмила Бабушкина, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ сурат гирифт.
Иштирокчиёни чорабинии идона ба пояи муҷассамаи Президенти нахустини Россия Борис Елтсин гул гузоштанд ва намоиши аксҳоро аз бойгонии шахсии ӯ бо номи "Борис Елтсин. Бо галстук ва бидуни он" бо шавқ тамошо карданд. Дар намоишгоҳ аксҳоро Марина Соколовская – куратори он, мудири шуъбаи экспозитсия ва намоишгоҳи Маркази президентии Борис Елтсин - шарҳу эзоҳи таърихӣ дод.