Консули генералӣ аз хоҷагии оилавии фермерии «Космакова» дидан кард

29.01.2021 19:59

28 январи соли 2021 - баъд аз нисфирӯзӣ - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Зафар Сайидзода бо мақсади омӯхтани навигариҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи консулии кишвари иқомат аз хоҷагии оилавии фермерии  Алексей Бондарев "Космакова" дар мавзеи Сисерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия дидан кард. Дипломати тоҷик  бо таърихи таъсис ва рушди хоҷагӣ шинос шуда, ба навигариҳои технологие, ки фермери уралӣ истифода мебарад, ҷиҳати татбиқи имконпазири онҳо дар шароити муосири Тоҷикистон диққати махсус дод.

29-01.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg