Консули генералӣ – дар конфронси байналмилалии донишҷӯён

27.11.2020 15:25

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода 27 ноябри соли 2020 иштирокчиёни онлайн - конфронси байналмилалии донишҷӯёнро, ки таҳти васояти Донишгоҳи федералии Урал доир гардид, шодбош гуфта, баъдан дар яке аз бахшҳои ин чорабинӣ маърӯза кард. Мавзӯи умумии конфронс “Ҷавонон ва дидгоҳи муосир ба ҳаводиси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ” буда, Зафар Сайидзода дар бахши он таҳти унвони “Масъалаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ дар шароити муосир” ибрози андешаву пешниҳодот кард. Консули генералӣ дар маърӯзааш ба ҷанбаҳои умдаи худомӯзии таърихшиносонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ дар қаламрави Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Нисбат ба маърӯзаи дипломати тоҷик роҳбарияти Маркази таърихшиносии вилояти Свердловск мароқи вижа намуд.

Дар бораи ҳиссаи низомию меҳнатии тоҷикистониён ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 олими таърихшинос аз ш. Душанбе Глеб Коваленко маърӯзаи муфассали илмӣ кард.

24-12-7.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg