Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода 11 декабри соли 2020 дар шабнишинии поси хотири нависандаи машҳури руси уралӣ Павел Бажов, ки дар китобхонаи байнимилалии вилояти Свердловск баргузор гардид, иштирок кард ва ба роҳбари Бунёди хайриявии “Бажов” Сергей Полыганов пешниҳод намуд, ки яке аз асарҳои бадеии ҳамдиёраш - дар ҳамкорӣ - ба забони тоҷикӣ низ чоп шавад.
Дар ин чорабинӣ ҳунармандони театри лӯхтаки ш. Екатеринбург баромад карда, баъзе пружаҳои байналмилалии Бунёди хайриявии “Бажов” оид ба нигоҳ доштан ва тарғиб намудани осории эҷодии нависандаи бузург рӯнамоӣ шуданд.
Дар шабнишинӣ Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов, муовини Вазири фарҳанги ин вилоят Сергей Радченко, консулҳои генералии Ӯзбекистон ва Қирғизистон, Консули фахрии Арманистон, ваколатдори намояндаи тиҷоратии Қазоқистон дар Россия ва намояндагони диаспораҳои миллии Урали Миёна иштирок намуданд.