Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввари байналмилалӣ сухан гуфт

28.11.2020 14:57

02-122-2.jpg

27 ноябр Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези мардум ва давлатҳо ҳамчун асоси рушди устувори ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс дар доираи марҳилаи минтақавии хониши XXIX байналмилалии таълимии солинавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарони вилояти Свердловск, намояндагони аршади Калисои Православии Россия, олимон ва намояндагони корпусҳои дипломатии маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Суханронии дипломати тоҷик ба таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90 аз нуқтаи назари саҳми мусбат дар ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези байни мардум ва давлатҳо бахшида шуда буд ва аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваҷҷуҳи зиёд пазируфта шуд. Онҳо пешниҳод карданд, ки матни суханронии Зафар Сайидзода дар шакли китобча (брошюра) бо мақсади таблиғи минбаъдаи он дар доираҳои манфиатдор нашр карда шавад.

02-12-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg