21 октябри соли 2020 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар ш. Екатеринбург дар шакли бевосита дар муҳокимаҳои ҷаласаи пленарӣ дар чаҳорчӯбаи Форуми 7- уми байналмилалии сохтмонӣ ва Намоишгоҳи “100 + Технобилд” иштирок намуд. Дар ин чорабинии калони минтақавии байналмилалӣ Вазири сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналии Россия В.В. Якушев, Губернатори вилояти Свердловск Е.В. Куйвашев, сенатори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия А.М. Чернетский, Мири шаҳри Екатеринбург А.Г. Высокинский, намояндагони ширкатҳои калонтарини сохтмонии Россия фаъолона ширкат варзиданд. Конгресс дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии “Екатеринбург- ЭКСПО” баргузор гардид.