11 октябри соли 2020 дар толори қабули шаҳрвандони бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург (участкаи интихоботии рақами 3-и Ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур рақами 3) аз саҳари барвақт то 20-00 вақти маҳаллӣ (бо вақти Душанбе яксон аст) интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ин участкаи интихоботӣ воқеъ дар маркази шаҳри Екатеринбург шаҳрвандони худшиносу меҳандӯсти Тоҷикистон, ки алҳол дар минтақаи Урал кору зиндагӣ мекунанд, барои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Шаҳрвандон аз вилоятҳои Свердловск, Тюмен, Челябинск, Курган, Округҳои мухтори Ханти - Мансийск ва Ямало- Ненетск ба бинои Консулгарӣ, масофаҳои калонро тай намуда, омаданд, то ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода баранд. Ҳамватанонро дар ин раванди пуршарафи интихоботӣ роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷик ва соҳибкорони ватандӯст ҳамроҳӣ мекарданд. Дар байни онҳо Исломиддин Раҷабов, Файзулло Аминов, Абдулло Каримов, Ёқуб Умаров, Мастибегим Ошурбекова, Хушбахт Бедимоғов, Раҷабалӣ Неъмонов, Тағойназар Сафаров, Хусрав Ҷамолов, Сайидалӣ Соҳибов, Аҳлиддин Саидов ва бисёр дигарон пешғом буданд. То соати 12:00 ба вақти Душанбе дар ин участка аллакай зиёда аз 1300 нафар барои номзади арзанда раъй доданд.