Изҳори миннатдории Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар Екатеринбург ба Консули генералии Тоҷикистон

06.10.2020 09:41

06-10.jpg

Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар нотаи худ аз 2 октябри соли 2020 ба ҳайати кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Консули генералӣ Зафар Сайидзода  изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар санади мазкур, аз ҷумла, омадааст: «Дилсӯзӣ, касбият ва таъҷилияти фаъолияти шумо дар кори ташкили парвозҳои вобаста ба бозгардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Россия шароити мусоидро на танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои кормандони мақомоти давлатии Федератсияи Россия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар фазои роҳати корӣ фароҳам сохт”.

Намояндагӣ инчунин дар кори ташкили парвозҳои бозгардонии шаҳрвандони Федератсияи Россия аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонистанд ба ватани худ ба назди хешовандон ва дӯстонашон баргарданд, мусоидат намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg