ШАХСИ АРЗАНДАРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ!
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо муаррифӣ мемегарданд
То санаи баргузории интихобот ба баландтарин мансаб дар мамлакат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 рӯз монд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ номзадии 5 нафарро барои иштирок дар интихобот ба қайд гирифт.
Бо сабаби пандемияи коронавирус бисёр ҷанбаҳои ҳатмии маъракаи пешазинтихоботӣ сарфи назар шуданд, аммо барномаҳои номзадҳо барои баррасии умум пешниҳод гардиданд.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо муаррифӣ мегарданд:
Мироҷ АБДУЛЛОЕВ, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоевро ҳамчун номзад пешбарӣ кард. Ӯ 72-сола буда, куҳансолтарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ соли 1971 ҳангоми кор ба ҳайси роҳбари курсҳо дар Ситоди МГ-и Кӯлоб ба сафи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дохил шуд.
Тарҷумаи ҳол
Абдуллоев Мироҷ Санонович 15 августи соли 1948 дар деҳаи Лангар-калони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон) таваллуд шудааст.
Соли 1966 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлобро хатм карда, пас аз он ба ҳайси муаллими забони русӣ дар мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳр ба кор оғоз кардааст.
Дар давраи аз соли 1968 то 1970 Абдуллоев дар сафи Артиши Шӯравӣ (АШ) дар ҳайати доираи маҳдуди АШ дар Чехословакия адои хизмат кардааст. Пас аз адои хизмат ӯ ба ҳайси роҳбари курс ва сипас ба ҳайси сардори Ситоди мудофиаи граждании Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Соли 1975 Абдуллоев ба сафи милитсияи минтақаи Кӯлоб дохил шуда, аввал дар вазифаи инспектори калони Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб кор кард ва сипас муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ таъйин гардид.
Соли 1982 ба Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар Москва дохил шуд ва пас аз ду сол онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм кард.
Дар давраи аз соли 1984 то 1991 Абдуллоев дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб вазифаҳои роҳбариро ба уҳда дошт.
Соли 1992 ӯ сардори шуъбаи маориф ва ҳифзи ҳуқуқи Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб шуда, пас аз як сол ба вазифаи сардори шуъбаи маориф ва ҳифзи ҳуқуқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гузашт.
Аз соли 1996 то 1997 Абдуллоев муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг дар вилояти Хатлон буд. Пас аз он тайи ду сол ӯ вазифаи муовини сардори ситоди Раёсати корҳои дохилиро дар минтақа ба уҳда дошт.
Моҳи январи соли 1999 ӯ барои кор ба Комиссияи давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гузаронида шуд. Аз моҳи июни соли 1999 то 2005 Раёсати АНМН-и Хатлонро роҳбарӣ кард.
Аз соли 2005 то 2014 Абдуллоев дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси адвокат кор карда, соли 2016 намояндаи Созмони байналмилалии хайрияи «Ҳомиёни Ватан» гардид.
Дар тӯли солҳои фаъолияти меҳнатӣ Абдуллоев бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсияи Шӯравӣ», медалҳои «Хизмати шоиста» (дараҷаҳои I, II, III), «120-солагии И.В.Сталин», «100-солагии В.И.Ленин» ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.
Мироҷ Абдуллоев забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонад. Ӯ оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.
Фаъолияти сиёсӣ
Фаъолияти вакилии Абдуллоев соли 1984, вақте узви Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик гардид, оғоз ёфт. Ӯ дар ин вазифа то соли 1991 кор кардааст.
Дар давраи аз соли 2010 то 2015 ӯ ваколат (мандат)-и Маҷлиси вакилони халқи Кӯлобро ба даст овард.
Дар Пленуми моҳи октябри соли 2016 Абдуллоев котиби якуми кумитаи ҳизбии минтақаи Кӯлоби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб шуд. Пас аз ним сол, моҳи марти соли 2017 ӯ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Нимаи моҳи апрели соли 2017 дар Анҷумани ХХХIII Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев раиси он интихоб шуд.
Абдуллоев роҳбари сеюми Ҳизби коммунистии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Баъд аз пошхӯрии ИҶШС ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аз соли 1991 то 2016 роҳбари Ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ сиёсатмадор Шодӣ Шабдолов буд. Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси ҳизб таъйин гардид ва моҳи декабри ҳамон сол аз олам даргузашт.
То таъйин шудани Мироҷ Абдуллоев ҳизбро муваққатан Мирзоазим Насимов давоми шаш моҳ роҳбарӣ кард.
Барномаи пешазинтихоботӣ
Барномаи номзад ҷорӣ намудани моликияти истисноии давлатӣ ба замин ва захираҳои табиӣ, ислоҳот дар сохторҳои қудратӣ, додани бартарият ва имтиёзҳо ба кишоварзӣ, эҳёи совхозҳо ва колхозҳоро пешбинӣ мекунад.
Барнома мушкилоти манзилро низ дар бар мегирад. Дар барнома пешбинӣ мегардад, ки ба оилаҳо қарзҳои дарозмуддат дода мешаванд, то ҳар кадоме то соли 2030 соҳиби хонаи шахсии худ гардад.
Сиёсатмадор дар барномаи интихоботии худ таваҷҷуҳи асосиро ба бунёди ҷомеаи сотсиалистии бар адолати иҷтимоӣ асосёфта равона мекунад, ки ба манфиатҳои мардуми меҳнатӣ ҷавобгӯ бошад.
Шиор: «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ».
Шиори маъракаи интихоботӣ: «Дар ҷомеа шахси камбизоат ва бе сарпаноҳ набояд бошад!».
Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдухалим Ғаффоров ҳамчун номзади сотсиалистҳо пешбарӣ шудааст. Дар байни ҳамаи номзадҳо, ӯ дуввумин калонсол мебошад.
Ғаффорови 68-сола мандати вакилӣ дорад. Ӯ узви палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои маъракаи худ шиори зерин интихоб кардааст: «Ҳақиқат шикастнопазир аст!».
Роҳбари сотсиалистҳо ҷонибдори пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, ҳифзи иҷтимоии нафақахӯрон, хизматчиёни давлатӣ, занон ва модарони танҳо мебошад.
Тарҷумаи ҳол
Абдуҳалим Ғаффоров 24 декабри соли 1951 дар деҳаи Кулоли ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1972 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии Душанбе ба номи И. Шевченкоро хатм намудааст.
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1972 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карда, сипас барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС рафтааст.
Пас аз артиш ӯ ҳамчун корманди кафедраи марксизм-ленинизм ва таърихи ҲКИШ, тарҷумони калони заводи нуриҳои азотӣ, корманди кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст.
Ӯ инчунин ҳамчун муовини якуми ректори Донишкадаи марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, мутахассиси пешбари шуъбаи забонҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва декани факултети такмили ихтисоси кормандони донишгоҳҳо дар ДДМТ фаъолият намудааст.
Соли 2002 то соли 2004 муовини аввали Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи ҷумҳурӣ буда, соли 2004 мутахассиси пешбари Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2006 декани факултети такмили ихтисоси назди ДДМТ буд. Соли 2011 то 16 марти соли 2015 директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ буд.
Оиладор ва соҳиби ҳафт фарзанд мебошад.
Фаъолияти сиёсӣ
Соли 1998 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шуд. Ҳамон замон то соли 2004 раиси ташкилоти шаҳрии ҲСТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Соли 2004 дар анҷумани панҷуми ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистӣ ӯро раис интихоб карданд.
Инчунин 1 марти соли 2020 ӯ вакили палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
Ғаффоров аллакай ду маротиба- солҳои 2006 ва 2013 номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд.
Барномаи пешазинтихоботӣ
Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:
Рустам ЛАТИФЗОДА, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Ҳизби аграрии Тоҷикистон аввалин шуда, номзадии худро эълон кард ва ваколати эътимодро ба Рустам Латифзода супурд. Ӯ аз рақибони худ ҷавонтар (соли таваллудаш 1960) аст. Ҳизби ӯ дар палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ 7 ҷойро ишғол мекунад, ки ин натиҷаи дуввум мебошад.
Ӯ 6 сол пеш роҳбари Ҳизби аграрӣ интихоб шуда буд.
Тарҷумаи ҳол
Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлони Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербургро бо ихтисоси муҳандиси гидротехник ва муҳандиси экологӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро дар Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой» оғоз кардааст. Дар вазифаҳои усто, муҳандис, муҳандиси калони КСМ-31 ва Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой», сармутахассиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Як муддат — аз соли 2013 то 2014 раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ буд.
Фаъолияти сиёсӣ
Соли 2005 муовини раиси Ҳизби аграрӣ интихоб шуд ва соли 2014 пас аз марги Амир Қароқулов роҳбари ҳизб гардид.
Соли 2010 вакили Парлумони Тоҷикистон интихоб шуд ва роҳбарии комиссияи экологиро ба уҳда дошт.
Моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси кумитаи Парлумон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шуд.
Барномаи пешазинтихоботӣ
Роҳбари Ҳизби аграрӣ аввалин номзаде буд, ки хоҳиши номзадӣ ба мансаби Президенти Тоҷикистонро изҳор кард. Ӯ дар анҷумани ҳизб 15 августи соли 2020 пешбарӣ гардид.
Шиори Ҳизби аграрӣ: «Зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон!»
Латифзода ба даст овардани сулҳ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҷумҳуриҳои атрофи Тоҷикистонро яке аз вазифаҳои афзалиятнок меҳисобад, ки барои он ҳалли масъалаҳои баҳсталаби ҳудудҳои наздисарҳадӣ зарур аст.
Ӯ соҳаи маорифро низ фаромӯш накардааст. Барои рушди бомуваффақияти он ӯ зиёд намудани музди меҳнати муаллимонро кофӣ донист.
Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:
Рустам РАҲМАТЗОДА, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Ислоҳотчиён аз рӯи шумораи намояндагон дар Парлумони Тоҷикистон сеюминанд (5 ҷой). Раиси 60-солаи ҲИИТ Рустам Раҳматзода, ки ба ҳайси номзади ҳизб пешбарӣ шудааст, тақрибан як сол боз онро роҳбарӣ мекунад, аммо ӯ тавонист ба боварии аъзои ҳизбаш сазовор бошад. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дарс мегӯяд.
Тарҷумаи ҳол
Рустам Раҳматзода 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва ташкилотчии истеҳсолоти кишоварзӣ хатм карда, ҳоло узви ҳайати омӯзгорони донишгоҳ мебошад.
Рустам Раҳматзода дорандаи унвони доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор буда, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оладор ва соҳиби чор фарзанд аст.
Фаъолияти сиёсӣ
Пас аз 10 соли хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон декани факултаи хоҷагидорӣ шуд. Соли 2002 ӯ ба Маркази миллии таълимии кишоварзӣ оид ба дастгирии хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба кор рафт.
Соли 2005 Раҳматзода дар Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Аз соли 2007 то 2015 ӯ Маркази рушди кадрҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ намудааст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта, раиси пешини он Олимҷон Бобоев қаблан ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Моҳи декабри соли 2019 Бобоев ба истеъфо рафт ва ба ин сиёсатмадор роҳ дод.
24 августи соли 2020 Рустам Раҳматзода дар анҷумани пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе ҳамчун номзад аз ҳизб пешбарӣ карда шуд.
Барномаи пешазинтихоботӣ
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба президентӣ асосан ба ислоҳот дар иқтисод бахшида шудааст. Ҳадафҳои аввалиндараҷа бахши аграрӣ, иқтисоди миллӣ, сиёсати андоз, тиҷорати хурду миёна мебошанд. Аммо чизи асосӣ гузариш ба модели саноатӣ мебошад.
Рустам Раҳматзода таҷдиди сохтори идоракунии давлатӣ ва бахши бонкиро калиди ислоҳоти муваффақ медонад. Бо ин мақсад ӯ ният дорад, ки менеҷменти олиро дар ин сохторҳо навсозӣ кунад ва сиёсати кадрии онҳоро барои ҷалби мутахассисони салоҳиятдор тағйир диҳад.
Сиёсатмадор дар барномаи пешазинтихоботии худ бештар ба тағйирот дар иқтисоди миллии Тоҷикистон такя мекунад.
Шиор: «Ислоҳоти босуръати иқтисоди миллӣ ба хотири зиндагии шоистаи мардум!»
Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ — манбаи асосии даромади буҷети Тоҷикистон барои даҳсолаҳо низ аз мадди назари номзад дур намонд. Рустам Раҳматзода пешниҳод мекунад, ки низом барои ба меъёрҳои муосири ҳуқуқӣ мутобиқ кардан диверсификатсия гардад. Барои ин муҳоҷирони меҳнатиро ба таври касбӣ омода кардан, ба онҳо дониши ибтидоии забон ва қонунҳои кишварҳои таъйинотро додан, марказҳои дастгирии ҳамватанони дар хориҷа фаъолиятдоштаро ташкил кардан лозим аст.
Бисёр нуқтаҳои барномаи интихоботии номзад бо механизмҳои таҳияшудаи татбиқи амалии онҳо тақвият ёфтаанд, аз ин рӯ, ба гуфтаи таҳлилгарон, онҳо новобаста аз ҷойгоҳе, ки номзад пас аз интихоботи дарпешистода ишғол менамояд, сазовори баррасии бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.
Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:
Эмомалӣ РАҲМОН, номзад аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
Коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ мутмаинанд, ки Президенти амалкунандаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддаии асосии сабқати интихоботӣ мебошанд. Сарвари давлат, ки тасмим доранд ба давраи навбатӣ номзадиашонро пешбарӣ намоянд, аз эътибори шоиста дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон бархӯрдор мебошанд.
Мувофиқи шиори пешазинтихоботӣ: «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» номзад ба мансаби президентӣ се вазифаи асосии ояндаро муайян кардаанд:
1. Таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;
2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;
3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.
Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, ки сатҳи камбизоатиро тадриҷан коҳиш дода, саноатикунониро рушд диҳанд ва дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёнаро таъмин намоянд.
Ба итмом расонидани сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак» ва бунёди хатти барқии байнидавлатии CASA-1000-ро афзалиятнок меҳисобанд, ки ин Тоҷикистонро дар соҳаи энергетика дар минтақа пешсаф мегардонад. Ин маънои афзоиши устувори даромад ба буҷети давлат ва қобилияти зуд пардохт кардани қарзҳои гирифтаро дорад.
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ тазриқи назарраси молиявӣ пешбинӣ шудааст: дар тӯли 7 соли оянда тақрибан 123 миллиард сомонӣ ба доруворӣ, нафақа ва кумакпулӣ равона карда мешавад. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳанд, ки даромади буҷетро дар ин муддат ду маротиба афзоиш хоҳанд дод: аз 26 то 52 миллиард сомонӣ.
Номзад рушди алоқаи нақлиётиро низ муҳим мешуморанд. Навсозии роҳҳои кӯҳна ва сохтани роҳҳои нав имкон медиҳад, ки дастрасии минтақаҳои дурдаст баланд гардад. Нақлиёт-манбаи асосии тиҷорат буда, рушди иқтисодии минтақаҳоро танзим карда, ба даромади аҳолӣ таъсири судманд мерасонад.
Тарҷумаи ҳол
Эмомалӣ Раҳмон (Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи ҶШС Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд.
Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40-и Калининободро ҳамчун устои барқ хатм карда, пас аз он ба корхонаи равғанбарории шаҳри Қурғонтеппа ба кор фиристода шуданд.
Дар тӯли се сол- аз соли 1971 то 1974 Эмомалӣ Раҳмон дар Флоти Уқёнуси Ором ба ҳайси маллоҳи калон адои хизмат кардаанд. Пас аз адои хизмат ба ҳайси котиби мақомоти роҳбарикунандаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ба кор сар карданд.. Баъдан раиси комитети иттифоки касабаи совхоз шуданд.
Аз соли 1987 то 1992 дар мансаби директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара адои вазифа кардаанд.
Соли 1982 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон оиладор ва соҳиби ҳафт духтар ва ду писар мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) мебошанд.
Фаъолияти сиёсӣ
Қадамҳои аввалини сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ба давраи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкили ҷумҳуриҳои мустақил рост омад. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII интихоб гардиданд.
Тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб шуданд ва аллакай 19 ноябри ҳамон сол, дар иҷлосияи таърихии XVI Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Пас аз ду сол, дар интихоботи 6 ноябри соли 1994, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон 59,5% овозҳоро ба даст оварданд ва ба ин васила дар нахустин интихоботи фаъолияти сиёсии худ пирӯз шуданд. Баъд аз даҳ рӯз, сиёсатмадори 42-сола савганд ёд карданд. Аз он вақт инҷониб се маротиба (солҳои 1999, 2006, 2013), бо аксарияти овозҳо дубора ба ин мансаб интихоб шудаанд.
27 июни соли 1997 Президент бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик созишномаи таърихӣ оид ба хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ имзо карданд ва ба мамлакат сулҳ оварданд. Маҳз барои ин хизматҳо ба Эмомалӣ Раҳмон унвони расмии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дода шуд.
Баҳори соли 1998 Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) шуданд.
Соли 2016 низ пас аз раъйпурсӣ ба Конститутсия тағйирот ворид карда шуд. Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат имкон дода шуд, ки дар интихобот маротибаи бемаҳдуд иштирок кунанд ва аз нав интихоб карда шаванд. Синну соли ҳадди ақалли номзадҳо аз 35 то 30 поён бурда шуд.
Дар интихоботи президентии соли 2020 Эмомалӣ Раҳмонро якбора се ташкилот номзад пешбарӣ карданд.
Ҳамин тавр, 26 август Президенти амалкунандаи Тоҷикистон номзад ба мансаби Сарвари давлат аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ интихоб шуданд.
31 август Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
3 сентябр Ҳизби Халқии Демократӣ низ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба интихоботи соли 2020 пешбарӣ кард.
Барномаи пешазинтихоботӣ
Тибқи нақшаҳои пешбинишуда, ҳаҷми умумии ММД ва фоизи он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда ду баробар зиёд карда мешавад.
Ҳиссаи синфи миёна бояд то 45% зиёд шавад ва сатҳи камбизоатӣ то 18% коҳиш ёбад.
Интизор меравад:
зиёд кардани дастрасии маҳсулоти хӯрокворӣ барои аҳолӣ тибқи меъёрҳои тавсияшуда, алахусус ғизои босифат;
коҳиш додани вобастагии иқтисод аз воридот;
ҷудо намудани беш аз 123 миллиард сомонӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Нақшаҳо: