Эълон дар бораи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ва фаъолияти участкаи интихоботӣ дар ш. Екатеринбург

01.10.2020 18:26

Ҳамватанони гиромӣ,

 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020, дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ, бешубҳа, аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии кишвар дар соли равон ба шумор меравад. 

Дар ин робита Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург аз шаҳрвандони кишварамон, ки муваққатан ё доимӣ дар ҳавзаи консулгарӣ иқомат доранд, даъват ба амал меоварад, то онҳо дар овоздиҳии интихоботӣ фаъолона ширкат варзида, аз ин тариқ ҳуқуқҳои конститутсионии худро татбиқ намоянд.

11 октябри соли 2020, аз соати 8 то 20,  дар толори қабули шаҳрвандони Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург, ки дар суроғаи ул. Гражданская, иморати 2, литер А ҷойгир шудааст, участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳад кард. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ ягон ҳуҷҷати тоҷикистонии тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд. 

Зимни маъракаи интихоботӣ чораҳои беҳдоштӣ таъмин хоҳанд гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg