Бар асари вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастааст ва ин буҳроне, ки (Короновирус ё Covid-19) башариятро азият медиҳад, ҳолати будубоши ҳамватанони муҳоҷири мо низ дар ҳамаи атрофу акнофи олам, бавижа дар Федератсияи Россия, мураккаб шудааст. Дар шароити гӯшагирӣ (карантин) аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бекор мондаанд. Бештари ҳамватанон ба маводи ғазоӣ, доруворӣ ва молӣ ниёз доранд.
Ҷамъияти тоҷикон “Суғдиён”-и шаҳри Нижневартовски Округи худмухтори Ханти-Мансийски вилояти Тюмен дар ин шабу рӯз дар анҷоми расонидани кумаки башардӯстонаи худ мебошад. Баъди даъват ба расонидани кумак ба афроди ниёзманд аз ҷониби раиси ин ҷамъият Ориф Бобоев ҳамватанони дорои хайрхоҳ ба кумаки ашхоси ниёзманд шитофтанд. Дар амри кумакрасонӣ ба ниёзмандон саҳми соҳибкорони муқими Россия, ҳамшаҳриёни таҳҷоӣ Исроилҷон Улмасов ва Самаруддин Нуриддинов чашмрас мебошад. Аз таърихи 19 апрели соли равон то рӯзи таҳияи ин матлаб ҳудуди 220 оила маводи ғизоиро чун кумак дарёфт намуданд. Аз ҷумла 20 апрели соли равон ба 25 нафар пизишки Бемористони амрози сироятии шаҳр кумаки ғизоӣ расонида шуд. Дар тӯли ин муддат ба хазинаи Ҷамъият аз ҷониби афроди хаййир маблағи 60 000 рубл кумак омад, ки ба ҳамватанони эҳтиёҷманд - баъди таҳқиқу санҷиш - расонида шуд. Аз кумакҳои воридшуда 15 хонаводаи муқими шаҳр ва 10 хонаводаи муҳоҷири ӯзбектабор низ бархӯрдор гаштанд.
Тибқи иттилое, ки раиси Ҷамъият дод, то замоне, ки гӯшанишинӣ (карантин) поён наёфтааст, раванди кумакрасонӣ идома хоҳад ёфт. Дар ин моҳи шарифи Рамазон, моҳи раҳмату баракат, ки замони бахшишу инфоқ аст, бародарони диниву имонӣ мехоҳанд закоти моли хешро, ки ба андозаи 1000000 рубл мебошад, ба ихтиёри хазинаи Ҷамъият бигзоранд, то тавассути дастандаркорони созмон ба афроди мустаҳақ (ниёзманд) кумак карда шавад.