11 марти соли 2020 бо даъвати Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо роҳбари он Александр Харлов мулоқот намуд.
Зимни он ҷониби россиягӣ Зафар Сайидзодаро ба муносибати ба вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия масоили мубрами гуногунро фаро гирифта, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби сармоя, сайёҳӣ, илм ва фарҳанг миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ бояд боз ҳам тавсеа ёбанд ва мустаҳкам гарданд.
Дар ин радиф Намояндаи ВКХ ФР сатҳи ҳамкории Намояндагӣ ва Консулгарии генералиро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро баҳри пешбурду густариши минбъдаи он, аз ҷумла дар мавриди ҳаллу фасли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи консулӣ, баён намуд.
Ҷонибҳо нисбат ба мавзӯоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар кардани шароити кору зиндагии онон дар кишвари иқомат, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҳавзаи консулӣ, дидорбинӣ аз донишгоҳҳо ва ташкили вохӯриҳо бо донишҷӯёни тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар хотима маросими аксбардории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Намояндагии ВКХ ФР сурат гирифт.