Вохуриҳои Консули генералии тозатаъйин бо роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон

05.03.2020 10:12

Рӯзҳои аввали моҳи марти соли 2020 Консули генералии тозатаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар    ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки барои иштирок дар интихоботи Парламенти ҷумҳурӣ ба шаҳри Екатеринбург омада буданд, як силсила вохуриҳо ва суҳбатҳо гузаронд.

Ҳамсуҳбатони дипломати тоҷик диаспораи тоҷиконро дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Тюмен, Қурғон, ҳавзаҳои мухтори Ханти-Мансийск ва Ямалу Ненетск намояндагӣ мекунанд.

Дар вохӯриҳо ба ҷанбҳаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ дахл карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург ва созмонҳои тоҷикон ҳамкории созандаро баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ, вокуниши саривақтӣ ба дархостҳову ниёзи муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо давом хоҳанд дод.

Дар ин замина таваҷҷуҳи хосса, аз ҷумла, ба мавзӯи омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва идомаи кори Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ дар назди Консулгарии генералӣ дода шуд.

IMG-3809.jpg

569.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg