Сайидзода Зафар Шералӣ
(то 14 сентябри соли 2007 - Саидов Зафар Шералиевич)
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия
Санаи таваллудаш-18.12.1961, тоҷик, аз оилаи хизматчии ҳарбӣ, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои фалсафа (13.06.1989), доктори илмҳои таърих(25.05. 2016).
Соли 1983 Донишгоҳи давлатии (алъон – миллии) Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос хатм кардааст.
Солҳои 1983 – 1986: аспирант ва ассистенти кафедраи диншиносии илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
Солҳои 1987 – 1990: корманди масъул, мудири бахш ва мудири шуъбаи идеологии КМ комсомоли Тоҷикистон.
Солҳои 1990 – 1991: сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон.
Солҳои 1991 – 1992: корманди масъули дафтари матбуоти Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1993 – 1995: сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1995 – 2003: котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2003 – 2008: директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 5 феврали соли 2008 то 17 октябри соли 2019: мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва дастгоҳи ёрдачиаш оид ба сиёсату робитаҳои хориҷӣ.
17 феврали соли 2020 ба мансаби консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбурги Федератсияи Россия таъйин гардидааст.
Муаллифи 70 китоб, инчунин даҳҳо мақолаҳо, оид ба масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.
Дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста»(07.2016), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ(09.2001), Ифтихорномаи (мукофоти олии) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (09.2011) ва Ифтихорномаи Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия(04.2010). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (03.2006) аст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.