Бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар округи федералии Урал аз санаи 7-ум то 11-уми январи соли ҷорӣ вохӯриҳои намояндагони Ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон бо роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, донишҷӯёни тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ – Екатеринбург, Тюмен ва Челябинск кору иқомати муваққатӣ доранд, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯриҳо оиди мавзуҳои мухталиф, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ дахл доранд – масъалаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандонамон дар кишвари иқомат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти кишвари азизамон ва оиди масоили пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иртиҷоӣ изҳори андеша намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷонибҳо оид ба роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин дар робита ба дастовардҳо ва пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, имконотҳои васеъи рушди соҳаи сайёҳӣ ва нақши созандаи Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷӣ, ки барои фароҳам овардани шароитҳои зарурии ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати бевосита менамояд, маълумотҳо ироа гардиданд.