Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Сарвари  шаҳри Екатеринбург 

26.12.2024 18:57

Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Сарвари  шаҳри Екатеринбург 

Дар нимаи аввали рӯзи 26 декабри соли 2024 дар толори музокироти бинои Маъмурияти шаҳри Екатеринбург мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ба муносибати ба анҷом  расидани рисолати дипломати тоҷик дар маснади Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ баргузор гашт. 

Мусоҳибон роҷеъ ба вазъ ва тамоюлҳои нави мусбати соҳаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи давлатҳо, кишварҳо ва мардумон, аз ҷумла бахши ҳамкории байнишаҳрӣ, дар марҳалаи кунунӣ табодули афкор намуда, натиҷаҳои ҳамкории созандаи миёни  Маъмурияти шаҳри Екатеринбург ва Консулгарии Тоҷикистон дар пойтахти уралиро тайи солҳои охир бо эҳсоси қаноатмандӣ ҷамъбаст намуданд.

Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои кори фаъол ва пурсамари касбии панҷсолааш дар арсаи ҳамкорӣ бо Маъмурияти шаҳри Екатеринбург изҳори сипос намуда, ба сифатҳои касбӣ ва инсонии ӯ баҳои баланд дод.

Зимнан зикр гардид, ки тайи давраи гузашта 26 дидори дипломати тоҷик бо Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов дар доираи вохӯриҳо, чорабиниҳо ва ҷаласаҳои Шӯрои намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург ба зуҳур пайвастанд.

 Алексей Орлов изҳори умедворӣ кард, ки дар фаъолияти минбаъдаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷодаи роҳандозӣ, таҳким ва рушди муносибатҳои байналхалқӣ ва байнишаҳрии Тоҷикистону Россия идомат боқӣ мемонад.Дар ин иртибот дипломати тоҷикистонӣ гуфт, ки вай аллакай  ба ин хотир ҳаддалимкон иқдом кардааст ва хоҳад намуд. Ӯ ба Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов барои он аҳамияти ҷиддие, ки ба соҳаи таҳкиму густариши дӯстӣ ва муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар бахши муносибатҳои байналхалқӣ ва байнишаҳрӣ медиҳад, изҳори сипос намуд.

 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ифтихорномаи муассисаи консулиро биспурд ва ба ӯ асари асосии фалсафии худро оид ба масъалаҳои бегонаситезии иҷтимоӣ ва озодии шахсият, ки чанде қабл дар яке аз матбааҳои уралӣ бознашр шудааст, эҳдо намуд. Дар навбати худ, ба дипломати тоҷик як китоби пурарзише дар бораи шаҳри Екатеринбург ва ҷашни 300-солагии он, ки дар сатҳи баланди фарҳанги чопӣ нашр шудааст, туҳфа гардид.

eka-1.jpg

eka-2.jpg

eka-3.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg