Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябински Федератсияи Россия 

20.12.2024 16:24

Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябински Федератсияи Россия 

20 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Глухарёв мулоқоти судманд анҷом дод. 

 Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, мусоҳибон натиҷаҳои ҳамкориҳоро дар соли 2024 ҷамъбаст намуда, ҷанбаҳои асосии нақшаи ҳамкориро барои соли нави 2025 муайян карданд. 

Дмитрий Глухарёв иттилоъ дод, ки дар ибтидои соли 2025 дар сохтори Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия Вазорати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсис дода мешавад. Зимнан зикр гардид, ки ин иқдом, аз ҷумла, ба баланд шудани сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.

vazir.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg