Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург садҳо нусха китобҳои муфиди гуногунро барои гӯшаҳои китоби созмонҳои миллию фарҳангии тоҷикони муқими минтақаи Урал тақдим кард
6 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор" Мастбегим Ошурбекова мулоқот намуд ва барои китобхонаи ин созмони миллию фарҳангӣ зиёда аз 100 дона китобҳои муфиди гуногуни сиёсӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва бадеӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар давраи пасошӯравӣ нашр шудаанд, туҳфа кард.
Дар ҷараёни суҳбати созанда натиҷаҳои ҳамкории муассисаи консулӣ бо созмони диаспоравӣ "Дидор" дар соли 2024 ҷамъбаст гардида, ҳар ду ҷониб аз онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мастбегим Ошурбекова дар бораи пешнависи Нақшаи кории созмони "Дидор" дар соли 2025 ба Консули генералӣ ба таври муфассал нақл кард.
Дипломати тоҷик гуфт, ки бисёр бандҳои пешнависи Нақшаи кории болозикр дар Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли 2025, ки бояд дар ояндаи наздик тасдиқ шавад, ба инобат гирифта мешаванд.