Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Консули генералии нави Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пойтахти уралӣ мулоқот кард 

05.12.2024 19:14

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Консули генералии нави Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пойтахти уралӣ мулоқот кард 

5 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Консули генералии нави Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Екатеринбург Ло Шисюн мулоқот намуд. 

Дипломати тоҷик ҳамтои худро бо оғози фаъолияти масъулиятнокаш дар вазифаи нав самимона табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар ин ҷода комёбиҳои назаррас таманно кард. 

Ҳамсуҳбатон аз сатҳи ҳосилгаштаи ҳамкориҳои роҳандозишудаи ду муассисаи консулӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Суҳбати дӯстона тӯлонӣ ва судманд буд ва дар ҷараёни он, аз ҷумла роҷеъ ба таҷрибаи мусбати фаъолияти консулию дипломатӣ дар минтақаи Урал ва оид ба мавзӯъҳои мубрами воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир, муколамаи касбӣ сурат гирифт.

k414.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg