Сафари дипломати тоҷик ба шаҳри Челябинск

01.12.2024 21:26

Сафари дипломати тоҷик ба шаҳри Челябинск

30 ноябр--1 декабри соли 2024  котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов барои аз наздик шинос шудан бо вазъи кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Челябинск  сафари корӣ намуд.
    
30  ноябри соли 2024 Субҳон Қурбонов бо  Исломиддин Раҷабов, раиси ташкилоти минтақавии ҷамъиятии  тоҷикони муқими вилояти Челябинск “Сомониён”, намояндаи расмии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урал, мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин суҳбат роҷеъ ба зарурати ҳатмии риоя кардани қонунгузории россиягӣ, саривақтӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, эҳтиром намудани суннату фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, ҳазар кардан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлуби зиддидавлатӣ ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, худдорӣ намудан аз тамошои наворҳои мамнӯъ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба истеъмолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дахолат накардан ба равандҳои сиёсии дохилии кишвари иқомат ибрози андеша  сурат гирифт.Ҳамзамон таъкид гардид, ки вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар машғулияту дарсҳо  ба манфиати пешрафти таҳсилу малакадорӣ мебошад.   
    
1 ноябри соли 2024, дар идомаи сафари хизматӣ, дипломати тоҷик Субҳон Қурбонов бо соҳибкори маҳаллии тоҷиктабор Ривоҷидин Маҳмадов, раиси ҷамъияти “Набот”, дидор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ дипломати тоҷик таъкид намуд, ки дар сурати пайдо шудани масъалаҳои ҳуқуқӣ нисбат ба шаҳрвандон зарур аст, ки саривақтӣ ва мустақиман дар тамос шуда, машваратҳои заруриро бо муассисаи консулӣ ва сохторҳои дигари марбута доир намояд. Бояд гуфт, ки Ривоҷидин Маҳмадов аз 100 то 300 нафар шаҳрвандони тоҷикистониро бо кори доимии дорои маоши хуб, ҷойи хоб ва хӯрок таъмин мекунад.Дипломат бо шароиту вазъи кори шаҳрвандон аз наздик шинос шуд ва ба саволҳояшон ҷавобҳои қонеъкунанда дод.Муҳоҷирони корӣ барои таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онон изҳори миннатдорӣ намуданд.

1188556956.jpg

2225263636.jpg

445445585.jpg

666854585.jpg

55954563.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg