Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф. Яковлев мулоқоти дусоатаи маърифатӣ дошт

26.11.2024 12:53

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф. Яковлев мулоқоти дусоатаи маърифатӣ дошт

26 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз бинои асосии маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф. Яковлев--бо даъвати роҳбарияти ин боргоҳи маърифату дониш--дидан карда, оид ба масъалаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ  бо ноиби ректори он Данил Сергеев суҳбати судманде анҷом дод. 

 Пас аз суҳбат бо Данил Сергеев дипломати тоҷик дар китобхонаи илмии Донишгоҳи болозикр бо донишҷӯёни он, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Наимзода, Фаришта Назарова ва Раъно Шерхонбекова, мулоқоти дусоатаи маърифатӣ анҷом дод.

 Дар ҷараёни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун дипломат ва олим, роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯёни россиягӣ ибрози андешаву афкор намуд. Ба мавзӯоти гуногун, аз қабили фарҳанги тоҷикон, таъриху ҳолати кунунии муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Россия, рушд ва таҳкими бахши байниминтақавии онҳо дар самти уралӣ, масъалаҳои мубрами воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир, вижагиҳои ҳаёти имрӯзаи идеологӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Точикистон, дахл карда шуд.

Дипломати тоҷик ба муаррифию тавзеҳи китобҳояш оид ба мавзӯҳои таърихӣ, сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фалсафӣ, ки чанде қабл дар яке аз матбааҳои шаҳри Челябински Федератсияи Россия (минтақаи Урали Ҷанубӣ) бознашр шудаанд, таваҷҷуҳи хосса дод. 

Донишҷӯён суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш карда, ба ӯ саволҳо доданд ва ба онҳо посухҳои дахлдор гирифтанд. 

Дипломати тоҷик китобҳои худро ба китобхонаи илмии Донишгоҳ ва ба иштирокчиёни вохӯрӣ ҳадя кард.

pro-1232323232323.jpg

pro-234343434343434.jpg

pro-33453453453453454.jpg

pro-436.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg