Мулоқоти судовари Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими шинохтаи россиягӣ ва соҳибкори муваффақи уралӣ

27.11.2024 12:35

Мулоқоти судовари Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо ходими шинохтаи россиягӣ ва соҳибкори муваффақи уралӣ

27 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори генералии ҶДММ "RG-Development", узви Комиссияи такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муштариёни Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Александр Худяков мулоқот намуд.

 Дар суҳбати судманд президенти Федератсияи варзишии гӯштини қамарбандии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Алиф Габдрахманов ва  чеҳраи шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ Сангалӣ Салимов ширкат доштанд. 

 Зимни суҳбати созанда масъалаҳои марбут ба роҳу василаҳо ва тариқаи роҳандозии ҳамкориҳои байниминтақавии миёни сохторҳои соҳибкории уралӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои гуногуни дархӯри манфиатҳои ҷонибайн, аз ҷумла дар соҳаи содироту воридот, мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин пасманзар дипломати тоҷик изҳори омодагӣ ба он кард, ки ба роҳандозию рушди чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат намояд.

s12222.jpg

s2222222.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg