Суҳбати судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва роҳбари ҶДММ "Теплый Дом" оид ба мусоидат ба вуруди муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба  минтақаи Урали Россия 

29.11.2024 12:22

Суҳбати судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва роҳбари ҶДММ "Теплый Дом" оид ба мусоидат ба вуруди муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба  минтақаи Урали Россия 

29 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари ҶДММ "Тёплый Дом", ноиби президенти Федератсияи гӯштини қамарбандии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Рашит Гилмияров мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ шарики деринаи касбии Рашит Гилмияров--Андрей  Ионас--ва чеҳраи шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург, номзад ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, роҳбари агентии ҳуқуқии екатеринбургӣ "Неруи қонун» Сангалӣ Салимов иштирок доштанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона ва варзиши байналмилалӣ мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор гирифтанд. 

 Рашит Гилмияров аз нияти ифтитоҳи  марказҳои омӯзишии пешазмуҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки метавонанд ба ин васила аз хизматрасонии мутобиқсози муҳоҷиратӣ дар худи Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор шаванд, хабар дод. Дар ин қарина ӯ ва Андрей Ионас  ҷанбаҳои асосии лоиҳаи Низомнома дар бораи Маркази омӯзишии пешазмуҳоҷиратӣ ва Консепсияи фаъолияти онро шарҳу эзоҳ доданд. 

Дипломати тоҷик ба мусоҳибон тавсия дод, ки вобаста ба масъалаи баррасишуда бо раҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тамос бигиранд ва омодагии худро барои мусоидат ба татбиқи амалии ин иқдоми муҳими созанда изҳор дошт.

gil63.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg