Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург
4 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон натиҷаҳои ҳамкориро дар соли 2024 ҷамъбаст намуда, аз онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз рӯйи доираи васеи мавзӯъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн мубодилаи судманди афкор баргузор гардид.
Вохурӣ дар фазои самимии дустӣ ва ҳамфикрии комил сурат гирифт.