Суҳбати Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо узви Шӯрои бахши минтақавии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Россия

03.12.2024 12:05

Суҳбати Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо узви Шӯрои бахши минтақавии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Россия

3 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф Яковлев, узви Шӯрои бахши минтақавии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Россия Данил Назифзода Сергеев мулоқот намуд.

Дипломати тоҷик ҳамсуҳбати худро бо Рӯзи касбии ҳуқуқшиносони Россия самимона табрику таҳният гуфта, ӯро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонд.

Омодагии ҷонибайн барои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар самти баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аъзои диаспораи маҳаллии тоҷик–шаҳрвандони Федератсияи Россия ва муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор гардид. 

Мавзӯи асосии суҳбат масъалаҳои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонони донишҷӯ, аз ҷумла донишҷӯён--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, буд.

yal2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg