3-4 декабри соли 2024 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ш.Минск машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзуи “Ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи иттилоот” баргузор гардид.
Дар машваратҳо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Иштирокчиёни машваратҳо масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии пӯшиши иттилоотии фаъолияти ИДМ, санаҳои хотирмон ва рӯйдодҳои муҳимро дар фазои Иттиҳод баррасӣ карданд.
Ҳамчунин оид ба рӯйдодҳои эҳтимолии иттилоотӣ дар чаҳорчӯби Соли таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ИДМ – Соли сулҳ эълон шудааст ва оид ба ҳамоҳангсозӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳоро барои муқовимат бо таҳдидҳои умумии иттилоотӣ, аз ҷумла маълумоти бардурӯғ ва қалбакӣ қайд карданд. Барқарор намудани ҳамкории байни кишварҳо бо мақсади таъсиси механизми муштараки мониторинг ва раддия талабот дониста шуд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳоро барои муқовимат ба таҳдидҳои умумии иттилоотӣ, аз ҷумла маълумоти нодуруст ва қалбакӣ қайд карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan