Мулоқот бо вазири банақшагирӣ, рушди иқтисод ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср

04.12.2024 16:51

4 декабри соли 2024 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Шарифзода бо вазири банақшагирӣ, рушди иқтисод ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ доктор Рония Машшот баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар карданд.

Аз ҷониби мисрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба  ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg