3 декабри соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Машҳад мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эронии худ Сайид Аббос Ароқчӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ миёни роҳбарони олии ду кишвар ва тамоюли рӯ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда, роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин рушди сайёҳӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan