Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар мизи мудаввар оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамбастагию ризоияти байнимиллӣ, дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар китобхонаи марказии шаҳри Дегтярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия иштироку суханрониҳо кард
15 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати Маъмурияти ҳавзаи шаҳрии Дегтярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия-- аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Дегтярск сафар карда, дар мизи мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами рушду таҳкими ҳамбастагию ризоияти байнимиллӣ, дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ иштироку суханрониҳо намуд.
Мизи мудаввар дар китобхонаи шаҳрии Кохи фарҳанги шаҳри Дегтярск баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар муовини роҳбари Маъмурияти ҳавзаи шаҳрии Дегтярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия Светлана Соколова, кормандони масъули дастгоҳи ҳавзаи шаҳрии болозикр, директори генералии ҶДММ "НПП Нефтегаздиагностика" Сергей Рыбалко, муовинаш Ирина Шамарина, ходими шинохтаи диаспораи маҳаллии тоҷикон Баҳрулло Тошпӯлодов ва гурӯҳи шаҳрвандони маҳаллии россиягии тоҷиктабор иштирок карданд.
Қабл аз оғози кори мизи мудаввар, бо истифода аз маводҳои видеоӣ--дар доираи курси мутобиқсозӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ--лектсияи ҷолиби таълимӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва таърихи муносибатҳои Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Суханрониҳои дипломати тоҷик дар ҷараёни мизи мудаввар ба таври мусбат ва бо таваҷҷуҳи зиёд истиқбол гирифта шуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи марказии шаҳрӣ китобҳои худро оид ба таърихи Россия, дар бораи Президенти Россия Владимир Путин, роҷеъ ба фалсафаи инсонӣ ҳадя намуда, Светлана Соколова ва чанде аз ҳамкоронашро, барои ҳамкориҳои хуб, бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонд.
Дар ин сафари корӣ ба шаҳри Дегтярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, соҳибкор ва рӯзноманигори шинохта Фарҳод Мирҷамолов ва соҳибкори эҳсонкори екатеринбургии тоҷиктабор Мансурҷон Қурбонов ҳамроҳӣ намуданд.