Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияти шинохта ва савобкори диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия
13 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори муваффақу савобкори екатеринбургии тоҷиктабор, чеҳраи шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Россия Фаёзҷон Саидов мулоқот дошт.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор, шахсияти шинохтаю савобкори диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ барои кумакҳои хайриявӣ ва башардӯстонае, ки тайи солҳои зиёд, аз ҷумла ба ниёзмандони ҳамватан, расондааст, изҳори сипос кард ва ӯро бо Қадрномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонд.
Мусоҳибон аҳамияти таҳкиму такмили корҳои тарбиявӣ дар муҳити ҷавонон, дар вуҷуди онҳо ташаккул додани ҳавас нисбат ба донишҳои муфид, майлу рағбат ба тарзи ҳаёти солим, садоқат ба арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ, талошварзӣ баҳри таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа ва ба таври усулӣ дурӣ ҷӯстанро аз неруҳо ва зуҳуроти терроризм ва ифротгароии сиёсӣ дар пардаҳои мухталиф, аз ҷумла дар лифофаи динӣ, таъкид намуданд.
Фаёзҷон Саидов изҳори омодагӣ ба он кард, ки минбаъд низ барои амалисозии нақшаҳои созандаю муфиди фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, аз ҷумла барои соли ояндаи 2025, мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард.