Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба иштирокчиёни "Марафони таълимӣ" дар қароргоҳи Палатаи савдо ва саноати Урал сертификатҳо супурд
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, дар қароргоҳи Палатаи савдо ва саноати Урал, шоми 21 ноябри соли 2024 дар чорабинии ҷамъбастии Пружаи "Марафони таълимӣ оид омӯзиши забон ва кишваршиносӣ "Россия--хонаи умумии мо, Урал — Ватани дуюм"" иштирок ва суханронии шодбошӣ намуд.
"Марафони таълимӣ" аз 18 то 21 ноябри соли 2024 таҳти васояти Палатаи савдо ва саноати Урал баргузор гардид.
Дар миёни иштирокчиёни Пружа шумораи зиёди шаҳрвандон ва зодагони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки аз ҷониби президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова интихоб ва барои иштирок дар он роҳнамоӣ гаштанд.
Дар миёни иштирокчиёни Пружа шаҳрвандони ҷавони кишварҳои мухталифи ҷаҳон низ буданд.
Ба ҳамаи иштирокчиёни "Марафони таълимӣ" дар фазои мутантан аз ҷониби ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Михаил Козлов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода сертификатҳои дахлдор дода шуданд.
Михаил Козлов ба Мастбегим Ошурбекова барои ҳамкориҳои муассир дар доираи Пружаи "Марафони таълимӣ" сипоснома супурд.
Дипломати тоҷик ба иштирокчиёни ҷавони "Марафони таълимӣ" суҳбатҳои муфиди самимӣ дошт.