Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаҳои ифтитоҳиву пленарии Форуми рехтагарони кишварҳои аъзои БРИКС
Дар нимаи аввали рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар пойтахти уралӣ, дар толори бинои Маркази тиҷорати байналмилалӣ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва пленарии Форуми рехтагарони БРИКС иштирок намуд ва бо Намоишгоҳи байналмилалии "Founding 2024" шиносоӣ пайдо кард.
Дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва пленарии Форуми рехтагарони кишварҳои аъзои БРИКС муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, намояндагони расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, президенти фахрии Ассотсиатсияи россиягии рехтагарон Иван Дибров, раиси Иттиҳоди соҳибкории хурду миёнаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Анатолий Филиппенков ва дигарон суханронӣ карданд.
Иван Дибров дар бораи тамоилҳои всосии рушди истеҳсолоти рехтагарӣ дар Россия маърӯзаи басо ҷолибе намуд.
Намояндагони дигари корпуси дипломатии маҳаллӣ низ дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва пленарии Форуми рехтагарони кишварҳои аъзои БРИКС ширкат доштанд.
Дар Форум баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди истеҳсоли рехтагарӣ дар кишварҳои аъзои БРИКС ва табодули таҷрибаи пешқадам оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаи истеҳсоли рехтагарӣ сурат гирифтанд.
Дар доираи Форум ба сафи иштирокдорони Ассотсиатсияи рехтагарони кишварҳои шомили БРИКС аъзои нав қабул шуданд.