8 ноябри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, инчунин Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки 30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон новобаста аз давраи ниҳоят мушкили сиёсию иҷтимоӣ, бо руҳияи хушбинона ва боварӣ ба тавонмандию маҳорати фавқулодаи абармарди сиёсӣ ва шахсияти таърихӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар як раъйдиҳии умумихалқии демократӣ Конститутсияро бо иттифоқи оро қабул кард, ки бо ин сарнавишти худро муайян кард.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки Конститутсия, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, забон ва дигар рамзҳои давлатиро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар чорабинии мазкур иштирок намуда, оид ба таърихи қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолият ва аҳамияти он дар рушди давлатдории Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan