Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходими шинохтаи диаспораи тоҷик дар Сургутшаҳри Ҳавзаи мухтори Ханти--Мансийски вилояти Тюмени Федератсияи Россия
Дар нимаи аввали рӯзи 1 ноябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходими шинохтаи диаспораи тоҷикони муқими Сургутшаҳри Ҳавзаи мухтори Ханти--Мансийски вилояти Тюмени Федератсияи Россия, муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Мирзодавлат Миршарифов мулоқот намуд.
Мусоҳибон аҳамияту зарурати таҳким ва такмил додани корҳои маърифатию тарбиявӣ дар миёни ҷавонон, дар вуҷуди онҳо парваридани рағбат ба андӯхтани донишҳои фарохи муфид, интихоб кардани тарзи ҳаёти солим, нигоҳ доштани садоқат ба арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ, саъю талош варзидан баҳри таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа ва дурӣ ҷӯстан аз неруҳо ва зуҳуроти сиёсии терроризму ифротгароиро таъкид намуданд.
Мирзодавлат Миршарифов баъзе пешниҳодҳои хешро барои ворид намудан ба пешнависи Нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли ояндаи 2025 иброз дошт.