Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи намоёни Созмони миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия
28 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, муовини раиси Созмони миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими субъекти болозикри Федератсияи Россия, мутахассиси варзидаи соҳаи сайёҳӣ Афзалшоҳ Исматов мулоқот намуд.
Мусоҳибон аҳамияту зарурати таҳким ва такмили корҳои тарбиявӣ дар миёни ҷавонон, дар вуҷуди онҳо парваридани рағбат ба андӯхтани донишҳои фарохи муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим, нигоҳ доштани садоқат ба арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ, саъю талош баҳри таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷомеаро таъкид намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсуҳбати ӯ ба мувофиқа расиданд, ки дар самти пешбурди корҳои муфиди иҷтимоӣ табодули таҷриба намоянд ва ба хотири таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ, шарикию иттифоқчигии стратегии Тоҷикистону Россия ҳамкорӣ кунанд.
Консули генералӣ Афзалшоҳ Исматовро бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.