Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар қароргоҳи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо роҳбарону ходимони диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ мулоқот намуд
Дар нимаи дуюми рӯзи 30 октябри соли 2024 дар дафтари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти муфиди раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода бо роҳбарон ва баъзе ходимони диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург баргузор гашта буд.
Мавзӯи суҳбат ҷанбаҳои умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.Дар атрофи ин ҷанбаҳо мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Иштирокчиёни мулоқот ҳамақида дар он буданд, ки сармояе, ки Сарвар давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардааст, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст. Зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд. Инҳо дарсҳои арзишманде ҳастанд, ки Пешвои муаззаму барӯманди мо дар тӯли солҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ бар кишвар, аз бархӯрдҳо бо мухолифони давлат дар саҳнаҳои хатарнок, аз мушорикату ҳамкорӣ дар доираҳои бузурги сиёсати ҷаҳон ва аз талошҳои хастагинопазир дар амри дифоъ аз манфиатҳои кишвар ҳосил кардааст. "Вазифаи мо – насли имрӯзу фардо – ин аст, ки ин сармояро бо диққату эҳтиёти тамом нигаҳбонӣ кунем ва суди ин сармояи арзишмандро барои пешрафти имрӯзу ояндаи кишвар ба кор гирем,"-- гуфт Маликшоҳ Неъматзода.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ҳамаи иштирокдорони мулоқотро бо мукофотҳои гуногуни Федератсия қадру сарфароз гардонд.