Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкори муваффақи савобҷӯйи тоҷиктабор дар минтақаи Урали Миёна
23 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори муваффақи савобкори тоҷиктабор дар минтақаи Урали Миёна, номзад ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Аҳлиддин Латифов ва ҳамкораш Гулмаҳмад Гадоев мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик ба Аҳлиддин Латифов барои фаъолияти чандинсолаи хайриявиаш дар шаҳрҳои вилояти Свердловск ва ҳамкории муассираш бо Консулгарии генералӣ ҷиҳати амалисозии иқдомоти муфиди иҷтимоӣ дар ҷомеаи маҳаллии россиягӣ, расондани таъсири тарбиявӣ ба насли навраси тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба фарҳангу анъанаҳои мардуми бумии Россия ва таҳкими дӯстии тоҷику россиягӣ изҳори сипос кард.
Мусоҳибон ҷараёни иҷрои амалии Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро тайи 10 моҳи соли 2024, аз ҷумла дар маҷрои пешбурди раванди мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон–муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷомеаи россиягӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавию ахлоқии онҳо, мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Аҳлиддин Латифов омодагии худро ба ҳамкории минбаъдаи созанда бо Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург изҳор дошт.