Иштирок дар маҷлиси пленарии  Форуми сеюми таърихию бойгонии Урал 

18.10.2024 18:41

Иштирок дар маҷлиси пленарии  Форуми сеюми таърихию бойгонии Урал 

Дар нимаи аввали рӯзи 18 октябри соли 2024 дар толори диссертатсионии Донишкадаи гуманитарии Урали Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Россия Б.Н.Елтсин сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи пленарии Ҳамоиши сеюми таърихию бойгонии Урал ширкат карданд. 

Ҷаласаи пленариро мудири кафедраи Донишкадаи гуманитарии Урал, доктори илмҳои таърих Людмила Мазур боз намуд.

 Сипас сардори Идораи бойгониҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия Роман Тараборин суханронии ҷолиби ифтитоҳӣ дошт.

Суханронии шодбошии ноиби якуми ректори Донишгоҳи федералии Урал Дмитрий Бугров бо мароқи калон шунида шуд.

 Суханронии шодбошии сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ ба аҳамияти баргузории Форуми таърихию бойгонии Урал ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаи бойгонӣ ва ҳифзи хотираи саҳеҳи таърихӣ дар ҷодаи муносибатҳои дуҷониба ва дар шакли бисёрҷониба бахшида шуда буд. Онро бо чапакзании бардавом истиқбол гирифтанд.

Суханронии мудири департаменти "Факултаи таърих"-- и Донишгоҳи гуманитарии Урал Александр Палкин пурмазмуну муфид буд.

Пас аз анҷоми қисми шодбошии Ҷаласаи пленарӣ дар бахши асосии он сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ маърӯза кард, ки он ба мавзӯи ташаккули умури бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми хадамоти бойгонии кишвар дар ҳифзу бақодории хотираи таърихии кишвар бахшида шуда буд.

mezh-222222222.jpg

mezh-44444.jpg

mezh-333333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg