Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Заречныйи вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз қароргоҳи ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск "Хонаи Урал" дидан кард

18.10.2024 18:02

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Заречныйи вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз қароргоҳи ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск "Хонаи Урал" дидан кард

Дар нимаи дуюми рӯзи 18 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Фарҳод Мирҷамолов ба шаҳри Заречныйи вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафар карда, аз қароргоҳи ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск оид ба кор бо ҳамватанон ва муҳоҷирони иҷборӣ "Хонаи Урал" боздид ба амал оварданд. 

Дипломати тоҷик ва ходимони ҷамъиятии ҳамроҳаш бо таҷрибаи ғании корӣ ва марҳалаҳои асосии таърихи 30-солаи фаъолият, заминаи моддию техникии "Хонаи Урал" шинос шуда, бо раиси он Леонид Гришин ва муовинаш Рафаэл Сироҷиддинов роҷеъ ба масъалаҳои мубрами муҳоҷиратӣ дар минтақаи авруосиёӣ мубодилаи афкору андеша намуда, омодагии худро барои идома додани ҳамкории созанда дар ҳолатҳои ба миён омадани зарурат изҳор намуданд. 

 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Леонид Гришин ва Рафаэл Сироҷиддинов барои расонидани кумакҳои гуногун, аз ҷумла кумакҳои машваратӣ, ба муҳоҷирони корӣ ва кӯчбастагони ихтиёрии тоҷикистонӣ изҳори сипос намуд.

ural-01.jpg

ural-022.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg